Баҳодур Шерализода дар нишасти вазирони муҳити зисти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 27 май дар Тошканд ҷаласаи сеюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви Созмон баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад.
Ҳайатҳои баландпоя ва коршиносони ҳашт кишвари узви СҲШ бо иштироки намояндагони Котиботи созмон вазифаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо назардошти воқеияти муосир баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар нишасти Тошканд ҷонибҳо роҷеъ ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим, аз қабили мониторинги муҳити зист, гуногунии биологӣ, ҳифзи манотиқи табиӣ, рафъи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамкории илмию техникӣ, идораи партовҳои сахт ва рушди тавонмандӣ, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон табодули назар кунанд.
Дар анҷоми ҷаласаи вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ тасдиқи Барномаи муштараки таъсиси Платформаи ягонаи табодули иттилооти экологии СҲШ дар назар аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






