БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа барои 640 хонанда бинои муосири таълимӣ бунёд мешавад
ХОРУҒ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди бинои муосири таълимӣ иборат аз чаҳор ошёна ва барои 640 ҷои нишаст оғоз ёфт. Бинокорони ширкати «Помирсохтмон» маҳали сохтмони таълимгоҳи навро бо истифода аз панҷ техникаи пуриқтидор ҳамвор намуда, ҳафтаи оянда таҳкурсии биноро мегузоранд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мамадамбар Мамадамбаров гуфт, ки «пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бино хонандагон ба як басти таҳсил мегузаранд. То ҳол ин муассисаи таълимӣ дар ду баст фаъолият дошт. Дар фасли зимистон, ки ҳаво сарду рӯзҳо кӯтоҳанд, хонандагон бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо ин тасмими Ҳукумати кишварро бо хушҳолӣ истиқбол гирифта, миннатдории худро шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд».
Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳия, «ин таълимгоҳ дар оянда ба такягоҳи муҳими соҳаи маориф табдил ёфта, дар пешрафти таълиму тарбияи дигар муассисаҳои таълимӣ нақши муассир мегузорад».
Бинои мазкур бо маблағгузории Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,62 гектар бунёд мегардад.
Корҳои сохтмони биноро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Помирсохтмон” ба уҳда дорад. Дар марҳилаи аввал 4 миллион сомонӣ ҷудо гардида, 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҳамворкунии замин машғуланд. Дар маҷмӯъ барои бунёди таълимгоҳи мазкур 28 миллион сомонӣ ҷудо шуда, он дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид






