Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд барномаҳои идона доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд аёдати тарбиятгирандагон сурат гирифта, барномаҳои идона баргузор карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои мазкур бо ҳузури намояндагони сарпарастҳои муайяншуда барномаҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Ба ин муассисаҳо, аз ҷумла Маркази дастгирии оила ва кӯдак, Маҷмааи кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳр, Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ношунавои шаҳр, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон”-и шаҳр дохил мешаванд.
Ҳамчунин пагоҳ, 1 июн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи калони идонаи фарҳангӣ доир мегардад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






