«БЕҲ АЗ САНОИ ОЛАМ ДЕҲҚОН АСТ!..». Дар Кодекси нави андоз имтиёзҳои соҳаи кишоварзӣ на танҳо нигоҳ дошта шуданд, балки зиёд гардиданд

Май 17, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 «Дар бораи меъёрҳои андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ» барои солҳои 2022-2026 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР бо масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  суҳбат намуд.   

Кишоварзӣ ба ҳайси яке аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад. Он аҳолиро бо озуқа ва саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад. Беҳуда нест, ки ҳанӯз донишманди Юнони қадим Ксенофонт кишоварзиро «модари ҳамаи соҳаҳои дигар» номида буд.  Ва шоири классики тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ навиштааст:

Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Ба роҳат аз даҳоқин мурғу мӯранд,
Ҳамон гар одамию гар сутуранд.

Ба кор андар ҳама мардони коранд,
Арақ резанду қути халқ коранд.

Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,
Чароғи дилфурӯзӣ дар даҳ ангушт…

Дар омади гап, мисраи аввали ин шеъри машҳурро («Беҳ аз санои олам деҳқон аст» — «The best profession in the world is dehkanism») Ҳизби аграрии Тоҷикистон шиори худ қарор додааст…

Бояд тазаккур дод, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баҳри расидан ба ин мақсад, ки ба беҳбуди зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Тавре маълум аст, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳукумати мамлакат якчанд барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, дар Кодекси нави андоз барои рушди соҳаи кишоварзӣ афзалияту имтиёзҳои хосса пешбинӣ гардидаанд.

Бо назардошти муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли равон «Дар бораи меъёрҳои андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ» барои 5 соли оянда қабул карда шуд.

Сардори Раёсати маъмурикунонии низомҳои андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исозода дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки «мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин” баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёри замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин, муҳофизату азхудкунии он ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок анҷом дода мешавад. Дар ин радиф меъёрҳои андози замин ва андози ягона аз натиҷаи баҳогузории замин ва аз рӯи кадастри замин тибқи муқаррароти  моддаҳои 352 ва 386 Кодекси андоз барои ҳар гектар замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои таъйиноти кишоварзӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд».

Мавсуф изҳор дошт, ки маблағи андози замин вобаста ба масоҳати қитъаи замин ва мақсади истифодаи он бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:

а) барои қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои зери биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда ва биноҳои ёрирасони онҳо:

— то 0,12 гектар дар заминҳои обӣ ва то 0,15 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) –тибқи меъёрҳои муқарраргардида барои шаҳру ноҳияҳо;

— аз 0,12 гектар то 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва аз 0,15 то 0,25 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) –бо меъёри дукарата;

— зиёда аз 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) зиёда аз 0,25 гектар – бо меъёри секарата;

б) барои заминҳои бо мақсади амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ва заминҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ истифодашаванда вобаста ба масоҳати қитъаи замин ва мақсади истифодаи он бо меъёри панҷкарата ҳисоб карда мешавад.

Собирҷон Исозода мегӯяд, ки “тибқи тартиби нави қабулгардида ягон меёър ё арзиши андоз тағйир наёфта, мисли солҳои қаблӣ боқӣ мондааст. Танҳо вобаста ба мақсад ва хусусияти истифодаи замин тағйирот сурат гирифт. Яъне ба он қитъаи замине, ки бо мақсади фаъолияти соҳбикорӣ истифода мешавад, меъёри андози панҷкарата дохил мешавад ва заминҳои назиҳавлигие, ки қаблан шаҳрвандон дар доираи то 20 садяк ба кишту кор машғул буданду аз он фоида медиданд, аз андози панҷ карата озод карда шуд”.

Дар Кодекси андоз, ки аз моҳи январи имсол амалӣ шуд, барои дастгирии кишоварзон ва рушди соҳа якчанд сабукиву имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Тавре сардори Раёсати маъмурикунонии низомҳои андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исозода изҳор дошт, тибқи Кодекси андози амалкунанда супорандагони андози ягона дар қисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андози замин озод карда мешавад.

Аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда аз пардохти андоз аз даромад озод буда, андози иҷтимоии онҳо дар як моҳ ҳамагӣ ба маблағи 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонии мазкур, ки дар замини лалмӣ фаъолият менамоянд, дар як соли тақвимӣ танҳо ҳафт моҳ пардохт карда мешавад. Бо мақсади самаранок истифода намудани замини кишт ва афзоиш додани парвариши пахта дар заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри барои андози мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Яъне, агар меъёри андози ягона барои маҳали фаъолияти субъект барои як гектар замини кишт  100 сомонӣ муқаррар гардида бошад,  дар замини парвариши пахта  маблағи андози ягона барои як 1 гектар 50 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш карда шуда, бе коркарди саноатӣ ва содироти он ба даст меояд, аз андози даромад озод карда мешавад.

Дар баробари ин, тибқи қоидаҳои мазкур фаъолияти пиллапарварӣ, пиллакашӣ, пилларезӣ ва пилларесӣ дар хона аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудааст.

Дар доираи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техникаҳои кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин фурӯши моли ниҳоии истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Яъне, дар баробари воридоти техникаи кишварзӣ воридоти қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

«Ҷиҳати ҳавасманд намудани аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тибқи Кодекси андози нав гармхонаҳои мавсимии наздиҳавлигӣ аз пардохти андоз аз объектҳои ғайриманқул озод карда шуд. Имтиёзи мазкур имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар замини наздиҳавлигии худ чунин гармхонаҳо бунёд намуда, бо истифода аз имтиёзҳои бидуни андозбандӣ даромад ба дастоварда дар навбати худ бозори истеъмолии маҳалро бо ғизои тару тоза таъмин намоянд», — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари ин, бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳавасмандии корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои калони савдо барои харидории маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳалӣ дар Кодекси андози нав меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи 5 фоиз пешбинӣ карда шуд, ки нисбат ба меъёри амалкунанда 13 фоиз кам будааст.

Ба иттилои Собирҷон Исозода, иловатан ба имтиёзҳои мазкур ҷиҳати таҳким бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи қонунгузории буҷет барои соли 2022 воридоти тухмии зироати кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли интенсивии меваву сабзавот бо автоматизатсияи амиқи равандҳои парвариш, ки ҳосилнокии онро барои ҳар метри мураббаъ то ду маротиба зиёд менамояд, воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ тибқи номгӯй аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

 

P.S: Кишоварзону шаҳрвандон имкон доранд маълумоти муфассалро роҷеъ ба андози замин, андози ягонаи кишоварзӣ ва тағйиру иловаҳои Кодекси нави андоз ва сабукиву имтиёзҳое, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ муқаррар гардидаанд, аз сомонаи Кумитаи андоз дастрас намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар

Май 17, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд
Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо ҳолати корҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон шинос шуд
Масъалаи дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат миёни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд баррасӣ гардид
ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад
Имсол вилояти Суғд дар майдони беш аз 30 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронад
«Бонки Эсхата» додани қарзро то 100 000 сомонӣ аз сар гирифт
«Саноатсодиротбонк» дар ду сол ба соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон 224 млн сомонӣ қарз ҷудо намуд
Боз як кишвари дигар хостори харидории неруи барқ аз Тоҷикистон гардид
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «Seoul International Travel Fair 2022» муаррифӣ шуд