Бо иқдоми соҳибкорон роҳи мошингарди Хуҷанд -Ашт бо таъмири хушсифат ба истифода дода мешавад

Май 28, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Барои аз таъмири хушсифат баровардани роҳи мошингарди Хуҷанд–Ашт бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони ноҳияи Ашт 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуда, дар назар аст, ки он тӯли 4- 5 моҳ ба истифода дода шавад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил хабар дод.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суҳбат бо соҳибкорони ноҳия гуфт, ки  “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритӯс, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад. Аз  ин рӯ боварии комил дорам, ки бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва ташаббусу кӯшишҳои якҷояи мо шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд мегардад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки барои таъмир намудани роҳи Хуҷанд-Ашт соҳибкорону саховатмандони бо нангу номуси ноҳия бетарафӣ зоҳир намекунанд”.

Дар идомаи суҳбат бо ташаббус ва дастгирии 72 нафар соҳибкорони меҳанпараст 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағи интизорӣ ҷамъ гардид.

Ба соҳибкорон, аз ҷумла Муҳиддин Исоқов, Фируз Холматов, Баҳодур Музаффаров, Алишер Абдураҳимов, Шерзод Мирзоев, Ҷамшед Ашуров  барои амалисозии иқдомҳои неку хайрхоҳона дар ободу зебо гардонидани диёр, ҳиссаи ватандӯстонаву ҳимматбаландона ва гузоштани саҳми назаррас дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

АКС: МИҲД-и ноҳияи Ашт

Май 28, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд