«Бонки Эсхата» соҳибкорон ва мизоҷонро баҳри идомаи тиҷорати муваффақона дар давраи буҳронӣ дастгирӣ менамояд

Май 31, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 май ҶСК «Бонки Эсхата» барои мизоҷони худ – соҳибкорони хурду миёна ва инчунин мизоҷони корпоративӣ дар мавзӯи «Менеҷмент дар давраи буҳронӣ» дар Душанбе семинар доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶСК «Бонки Эсхата»  хабар доданд.

Барои гузаронидани семинар муассис ва шарики роҳбарикунандаи ширкати «TOP Consulting» Мирзоиброҳим Иброҳимов даъват карда шуд. Дар семинар намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Тоҷпласт -1», ҶДММ «Моҳи Дона», ҶДММ «Мурғи Шоҳ», ҶДММ «Дунёи кӯдакон», ҶДММ «Таҷеро», «Телеком Технолоҷи» ва ғайра ширкат варзиданд.

«Тағйирот дар тамоми замонҳо рух медиҳад, танҳо фарқият дар он аст, ки суръати он меафзояд. Тадбирҳои пешакӣ андешида ва тайёрӣ ба дигаргуниҳо ба соҳибони тиҷорат барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳибкорӣ ёрӣ мерасонанд, зеро буҳрон имконияти нав мекушояд. Вазифаи ман нишон додани роҳи он аст, ки дар давраи буҳрон чӣ гуна мушкилотро ба имконият табдил додан мумкин аст. Чӣ қадаре ки корхона аз уҳдаи ҳалли ин мушкилиҳо баромада тавонад, ҳамон қадар рушд мекунад”, — гуфт Мирзоиброҳим Иброҳимов.

Зимни семинар иштирокчиён ба корҳои амалӣ ҷалб карда шуда, аз уҳдаи иҷрои супоришҳо нағз баромаданд. Дар фарҷоми семинар ҳар иштирокчӣ мулоҳизаҳои худро баён намуда, ба тренер ва «Бонки Эсхата» барои пешниҳоди имконияти омӯхтани усулҳо ва роҳҳои идоракунии соҳибкорӣ дар давраи буҳрон изҳори сипос намуд.

Директори тиҷоратии ширкати Telecom Technology Далер Ғуломқодиров гуфт, «ман шодам, ки дар семинари TOP Consulting, ки аз ҷониби «Бонки Эсхата» барои мизоҷонаш ташкил карда шудааст, иштирок кардам. Мояи хушнудист, ки бонк барои устувории мизоҷони худ ғамхорӣ мекунад. Хусусияти семинари мазкур дар иртиботи зич миёни тренер ва иштирокчиён буда, ман тавонистам ба саволҳои худ посухи дақиқ бигирам”.

Раиси ҶДММ «Дунёи кӯдакон» Матин Негматов чунин мегӯяд: «Семинари омӯзишӣ хеле муфид буд, махсусан дар замоне, ки дар ҷаҳон вазъияти буҳронӣ вуҷуд дорад. Миннатдории худро ба тренери семинар изҳор намуда, мехоҳам «Бонки Эсхата»-ро дар алоҳидагӣ зикр намоям. Ширкати мо бо «Бонки Эсхата» зиёда аз 3 сол боз ҳамкорӣ дорад. Бонк доимо ба мизоҷонаш ғамхорӣ карда, дар рушди соҳибкорӣ ва дастгирӣ саҳми босазо дорад».

Тренери семинар Мирзоиброҳим Иброҳимов иброз дошт, ки   «TOP Consulting ба «Бонки Эсхата» барои фароҳам намудани шароити мувофиқ барои вохӯрӣ бо чунин ашхоси олиҷаноб — муассисони ширкатҳо, намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами бахшҳои гуногун изҳори сипос баён менамояд. Ду рӯз хеле тез гузашт, вале ман фикр мекунам, ки иштирокчиён аз дастовардҳои худ қонеъ нашуда, дониши гирифтаашонро дар амал татбиқ менамоянд».

АКС: ҶСК «Бонки Эсхата»

Май 31, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид