Дар 4 моҳи соли равон 2786 нафар сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «ХОВАР»/. 27 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар он роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ, собиқадорони ҳизб, роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар кори маҷлис масъалаҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, тасдиқи нақшаи корӣ барои фаъолияти нимсолаи дуюми соли 2022 ва даъвати конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Инчунин, вобаста ба масъалаҳои вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, мусоидати аъзои ҳизб дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ибрози андеша карда шуд.
Дар маҷлис қарорҳои корхонаҳои муассисаҳо вобаста ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба расмият дароварда шуданд.
Зикр карда шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 2786 нафар шаҳрвандон узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пазируфтанд, ки ин далели боло рафтани обру ва мавқеи ҳизб дар ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия ба ҳисоб меравад.
АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






