Дар ҷаласаи ситоди вилоятии Хатлон масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд

Май 4, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 3 май аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар тухми офтобпараст, донаи зардолу, писта, чормағзи заминӣ, меваи хушк, мағзи писта, пиёз, себ, олу, зардолу, сабзӣ, сирпиёз, лаблабу, карам, лимӯ ва ангур содирот гардидааст. Ин матлаб 3 май дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баён гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа сардори раёсат ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи вилоят иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии ситод аз дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони вилоят иборат буд.

Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки «зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ва вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 феврали соли 2022 дастуру супориш доданд, ки ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушди тоза бахшида, ба содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар муваффақ гардем».

Дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, ки аз пардохтҳои беасос даст кашида, тавассути хадамоти гумруку омор ва дигар мақомоти назоратӣ бояд корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар вилоят ба расмият дароварда шаванд.

Дар ҷаласа ба хулосае омаданд, ки дар самти банду басти маҳсулот, омода кардани он барои содирот ба хориҷи кишвар, нархи маҳсулот, сифат ва бехатарии он бояд назорати ҷиддӣ ба кор бурд. Ҳамчунин аз тарафи аъзои ситод гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, бояд бо деҳқонон ва истеҳсолотчиёну соҳибкорон машваратҳо бештар гузаронида шаванд.

АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Май 4, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд