Дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Анқара ҳамоиш доир шуд

Май 13, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 160 намояндагии дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагии созмонҳои байналмилалии муқими Туркия  дар брифинге, ки  дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Туркия  дар мавзӯи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия иттилоъ доданд.

Брифинг бо суханони ифтитоҳии Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Туркия Алваро Родригес, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ва сардори раёсати муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва обҳои фаромарзии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия доктор Аднан Алтай Алтинорс оғоз ёфт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал дод.


Зикр шуд, ки ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, аз ҷониби СММ дар ҳамовозии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо Қатъномаи махсус қабул шудааст. Тибқи Қатъномаи мазкур, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ- 22 марти соли 2018 оғоз гардида, то 22 марти соли 2028 давом хоҳад ёфт.


Дар брифинг намояндаи сафорат ба ҳозирин муҳтавои баргузории конфронси зикршударо шарҳ дода, раванди омодагӣ ба он, барнома, консепсия ва дигар маълумоти дахлдори чорабиниро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон иштирокчиён паҳлӯҳои гуногуни масоили обу иқлимро муҳокима карда, вобаста ба нақши конфронс дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи дуюми об суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо хабарнигорони ширкати телевизиону радиои Туркия TRT оид ба ташаббусҳои байналмилалии марбут ба оби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

АКС: Сафорати ҶТ дар Анқара

Май 13, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид