Дар Ашқобод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Май 31, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод 29 май бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими Туркманистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ ва муайян кардани раванди рушди ҷомеа замина гузоштааст, сухан гуфт.

Сафир  ба иштирокчиён оид ба  нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақл кард. Зикр  гардид, ки Тоҷикистон давоми 30 соли истиқлол дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Дар чаҳорчӯби  чорабинӣ аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти кишвар, асарҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Роҳбари давлат ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 31, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд