Дар Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11-13 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, инчунин намояндагон аз вазорати мазкур, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа дастовардҳои кишварҳо асосан дар доираи лоиҳаи зикршуда пешниҳод гардида, инчунин ҷараёни татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар лоиҳа пешбинишуда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини мусоидати бештар ҷиҳати боз ҳам сода намудани расмиёти содиротию воридотӣ нисбат ба молу маҳсулоти якдигар баррасӣ карда шуданд.
Зикр шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 1 миллиарду 180 миллион доллар, Тоҷикистон ва Узбекистон ба 447,8 миллион доллар ва Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба 436,5 миллион доллар расид.
Дар ҷаласа А. Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор доранд, инчунин якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои лоиҳа ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба зиёд намудани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушк аз Тоҷикистон ба бозорҳои Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои минтақа, инчунин сода намудани расмиёти содиротии молҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни тарафҳо, бахусус тақвияти рушди иқтидори содиротӣ ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд






