Дар Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо доир шуд

Май 13, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11-13 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, инчунин намояндагон аз вазорати мазкур, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа дастовардҳои кишварҳо асосан дар доираи лоиҳаи зикршуда пешниҳод гардида, инчунин ҷараёни татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар лоиҳа пешбинишуда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини мусоидати бештар ҷиҳати боз ҳам сода намудани расмиёти содиротию воридотӣ нисбат ба молу маҳсулоти якдигар баррасӣ карда шуданд.

Зикр шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 1 миллиарду 180 миллион доллар, Тоҷикистон ва Узбекистон ба 447,8 миллион доллар ва Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба 436,5 миллион доллар расид.

Дар ҷаласа А. Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо якчанд  корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор доранд, инчунин якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои лоиҳа ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба зиёд намудани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушк аз Тоҷикистон ба бозорҳои Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои минтақа, инчунин сода намудани расмиёти содиротии молҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни тарафҳо, бахусус тақвияти рушди иқтидори содиротӣ ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Май 13, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
САНАДИ НАВ. Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳамасола 100 000 ҷойҳои корӣ таъсис диҳад
Пагоҳ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Резервати биосферии «Ромит» дидан менамоянд
Туркия тасмим гирифтааст, ки намояндагии бонкҳои тиҷоратиашро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд
Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд
Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо ҳолати корҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон шинос шуд
Масъалаи дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат миёни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд баррасӣ гардид
ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад
Имсол вилояти Суғд дар майдони беш аз 30 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронад