Дар Душанбе баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавононро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 13 май дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар форум таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон-омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.
Чорабиниро муовини директори Агентӣ Музаффар Аҳмадзода вобаста ба саҳми ҷавонон дар паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки зери сиёсати оқилона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бо нангу номуси кишвар бо ифодаи олии ифтихори миллӣ барои пойдории сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон, инчунин барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуби коррупсионӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Филиппо Кривелларо, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Раҳмонзода оид ба дастовардҳои ҷавонон дар тӯли 30-соли Истиқлоли кишвар суханронӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ барои меҳнати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






