Дар Душанбе Конгресси VI байналмилалӣ ва намоишгоҳи «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25-27 май дар шаҳри Душанбе Конгресс 6-уми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022» баргузор мешаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Созмондиҳандагони чорабинӣ хабар медиҳанд, ки дар конгресс зиёда аз 150 нафар роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи барқароршаванда, сармоягузорон, пешвоёни технологияҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия Чин, Британияи Кабир, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария, Канада ва дигар мамлакатҳо ширкат менамоянд.
Ташаббускорон самтҳои асосии кори конгресс ва намоишгоҳро номбар карданд:
- Сафари техникӣ ба НБО-ҳои «Роғун» ва «Норак»
- 150+ намояндагони топ-менеҷменти ширкатҳои асосии энергетикии минтақа, сармоягузорон, ҳукуматҳо ва интиқолдиҳандагони таҷҳизот ва хидматрасонӣ
- 30+ лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва замонависозӣ
- Таваҷҷуҳи махсус! Мизи мудаввар: сохтмони НБО-и «Роғун»
- Ҷаласаи пленарии стратегӣ: Ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии давлатӣ дар рушди саноат чӣ нақш мебозанд?
- Нав! Ҳамгироии МБЭ: Назари маҷмӯӣ ба гидроэнергетика. Оянда дар гибридҳост?
- Намоишгоҳи истисноӣ ва муаррифии қарорҳои муосири технологӣ аз тарҳрезӣ то татбиқи лоиҳа
- Чӣ тавр сармояро ба минтақа ҷалб намуд?
- Андешаи коршиносони бахши молиявӣ
- 30+ соат муоширати корӣ ва ғайрирасмӣ: мизҳои мудаввари ҷолиб, вохӯриҳои дугона тибқи ҷадвали пешакӣ мувофиқашуда ва ғайра!
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






