Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба суғуртаи тиббии кормандон дар ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Май 19, 2022 09:19

ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба суғуртаи тиббии кормандон дар ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон 18 май дар вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода бо намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Таъкид гардлид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи суғуртаи тиббии кормандонро муҳим ва зарур меҳисобад, зеро он ба манфиати кормандон буда, ба тақвияти ҳифзи саломатии онҳо ва рушди сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки тибқи моддаи 341-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармоён тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд. Маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд) харҷ карда мешаванд.

Ҷонибҳо доир ба усулу воситаҳои минбаъд ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони дорои шуғли мустақилона ва ғайрирасмӣ фаъолияткунанда  ибрози андеша намуданд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳолӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.

Дар фарҷом тарафҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар доираи ҳадафҳо ва барномаҳои муштарак баён доштанд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷ

Май 19, 2022 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд