Дар Душанбе масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт

Май 4, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 3 май дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.

Дар мулоқот, аз ҷумла дар самти дастгирии бахши хусусӣ, бозори молиявӣ ва барориши қоғазҳои қиматнок, курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок сухан гуфта шуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд баён доштанд.

АКС: Вазорати молияи ҶТ

 

Май 4, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд