Дар Душанбе машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА доир гардиданд

Май 25, 2022 19:10

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май дар шаҳри Душанбе даври нӯҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.


Ёдовар мешавем, ки ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу дар доираи сафар ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар ин сафар Лу ҳайати Амрикоро роҳбарӣ мекунад, ки аз рӯзҳои 23-27 май аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо мақсади тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои эҳёи бештари Осиёи Марказии ҳамбаста, шукуфон ва амн боздид кунад.

Инчунин, дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намояд.

Ба ҳайати Департаменти давлатии ИМА директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз ал-Хатиб шомил мебошанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 25, 2022 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд