Дар Душанбе тадбирҳои пешбинишуда дар самти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Япония (JICA) таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Департаменти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қафқози Агентӣ Танабе Ҳидеки вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқот аз ҷониби вазир тадбирҳои пешбинишуда дар самти муҳоҷират, омода намудани кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, рушди малакаҳо ва диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ баён шуда, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва имконияти сармоягузорӣ ҷиҳати тақвияти неруи зеҳнии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ роҳандозӣ намудани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои бокортаъминшавӣ дар Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ибрози ақида намуда, вобаста ба амалисозии ташаббусҳои баррасишуда изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






