Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мутахассиси аршади Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба тағйирёбии иқлим хонум Кейт Ҳюз дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон доир ба афзалияти асосии ҳамкорӣ ва маҷмӯи тадбирҳои миллии андешида оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон табодули назар намуданд. Барои ҳар яке аз 5 бахши асосии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ба нақша гирифта шудаанд.
Зикр гардид, ки корҳо дар дигар самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии Тоҷикистон ба Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри имсол дар Миср баргузор мешавад, идома дорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






