Дар Кӯлоб Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз таҷлил гардид

Май 4, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Нозироти андози шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, кормандони Нозироти андози шаҳр, кормандони Раёсати молия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кӯлоб

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз намуд, ки андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ягон давлат бе андозу молиёт тараққӣ карда наметавонад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад.

Дар идомаи ҷамъомад роҳбарият ва собиқадорони соҳаи марбутаи шаҳр аз раванди кор дар нозироти андоз ва роҳҳои тайи даврони соҳибистиқлолии мамлакат сипарӣ намудаи он сухан гуфтанд.

Кормандони нозироти андоз аз тарафи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои босифати ҷамъоварии андозҳои давлатӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кӯлоб

Май 4, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд