Дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар Душанбе доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок мекунад.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки чанде пеш баргузор шуданд, ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои чанде қабл қабулшуда ва созишҳои ҳосилгардида муайян мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 май дар Душанбе бо иштироки роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ИДМ баргузор шуд, ки дар он 10 ҳуҷҷат қабул гардид. Ҷаласаи Шӯрои намояндагони ҳукуматҳо 20 май ба таври маҷозӣ баргузор шуд. Сарони ҳукуматҳо якчанд ҳуҷҷатҳоро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва иттилоотӣ, тавсеаи ҳамкории ҷавонон ва илмию технологӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расониданд. Илова бар ин, намояндагони доимӣ ният доранд, ки дурнамои рушди заминаи ҳуқуқии ИДМ дар соли 2022-ро баррасӣ намоянд.
АКС аз бойгонӣ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






