Дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар Душанбе доир мегардад

Май 31, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок мекунад.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони  ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ  натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро,  ки чанде пеш баргузор шуданд, ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои   чанде қабл қабулшуда ва созишҳои ҳосилгардида муайян мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии  ИДМ 13 май дар Душанбе бо иштироки роҳбарони  идораҳои сиёсати хориҷии ИДМ баргузор шуд, ки дар он 10 ҳуҷҷат қабул гардид. Ҷаласаи Шӯрои намояндагони ҳукуматҳо 20 май ба таври маҷозӣ баргузор шуд. Сарони ҳукуматҳо якчанд ҳуҷҷатҳоро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва иттилоотӣ, тавсеаи ҳамкории ҷавонон ва илмию технологӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расониданд. Илова бар ин, намояндагони доимӣ ният доранд, ки дурнамои рушди заминаи ҳуқуқии ИДМ дар соли 2022-ро баррасӣ намоянд.

   АКС аз бойгонӣ

Май 31, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад