Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Муъминобод маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар маҳфил атрофи ашъори рӯзноманигор ва шоири ширинкалом Сафар Амирхон сухан гуфта шуд.
Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода иброз дошт, ки мавзӯи эҷодиёти шоир Сафар Амирхон аз сулҳу ваҳдат, дустдории диёр, ватандӯстию ватанпарварӣ иборат буда, тарбиятгари насли наврас ва ҷавон мебошад.
Тавре шоир ва муҳақиқ Муҳтарами Ҳотам дар суханрониаш зикр намуд, ки Сафар Амирхон дар шеърҳояш бештар васфи Ватан — модар кардааст ва мавзӯи асосии шеърҳояшро табиати диёр, зебогии модари тоҷик, куҳу даман, сабзаву майса ва набототу ҳайвонотро дарбар гирифтаст, ки содаю ҷолиб тасвир ёфтаанд. Ин шоири ваҳдатсаро аз овони мактабхонӣ ба адабиёт ва фарҳанг шавқи беандоза дошт ва ҳамсабақону дигар хонандагони мактаб ба ӯ тақлид мекарданд.
Тазаккур дода шуд, ки мавсуф дар соҳаи журналистика низ заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, мақолаҳояш пайваста дар рӯзномаҳои даври нашр мегардиданд ва дар ин давра бисёр шогирдонро тарбия кардааст, ки ҳоло дар расонаҳои гуногуни кишвар фваъолият менамоянд.
Ҳамчунин дар маҳфил асари тозанашри шоир рӯнамоӣ карда шуд, ки саросар шеър асту меҳр ба Ватану диёр ва он ба наздикӣ ба дасти хонандагон хоҳад расид.
Дар фарҷоми маҳфили адабӣ санъаткорон аз эҷодиёти шоир сурудҳоро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






