Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид

Май 29, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Муъминобод маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Дар маҳфил атрофи ашъори рӯзноманигор ва шоири ширинкалом Сафар Амирхон сухан гуфта шуд.

Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода иброз дошт, ки мавзӯи эҷодиёти шоир Сафар Амирхон аз сулҳу ваҳдат, дустдории диёр, ватандӯстию ватанпарварӣ иборат буда, тарбиятгари насли наврас ва ҷавон мебошад.

Тавре шоир ва муҳақиқ Муҳтарами Ҳотам дар суханрониаш зикр намуд, ки Сафар Амирхон дар шеърҳояш бештар васфи Ватан — модар кардааст ва  мавзӯи асосии шеърҳояшро табиати диёр, зебогии модари тоҷик, куҳу даман, сабзаву майса ва набототу ҳайвонотро дарбар гирифтаст, ки содаю ҷолиб тасвир ёфтаанд. Ин шоири ваҳдатсаро аз овони мактабхонӣ ба адабиёт ва фарҳанг шавқи беандоза дошт ва ҳамсабақону дигар хонандагони мактаб ба ӯ тақлид мекарданд.

Тазаккур дода шуд, ки мавсуф дар  соҳаи журналистика низ заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, мақолаҳояш пайваста дар рӯзномаҳои даври нашр мегардиданд ва дар ин давра бисёр шогирдонро тарбия кардааст, ки ҳоло дар расонаҳои гуногуни кишвар фваъолият менамоянд.

Ҳамчунин дар маҳфил асари тозанашри шоир рӯнамоӣ карда шуд, ки саросар шеър асту меҳр ба Ватану диёр ва он ба наздикӣ ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Дар фарҷоми маҳфили адабӣ санъаткорон аз эҷодиёти шоир сурудҳоро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст