Дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода сохтмони хобгоҳ барои 340 нафар оғоз гардид
ТУРСУНЗОДА, 30.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 августи соли 2021 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода зимни ифтитоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода баён дошта буданд, дар назди муассисаи мазкур корҳои сохтмони хобгоҳи тарбиятгирандагони интернат барои 340 нафар оғоз гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Бунёди иншооти мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъияти хайриявии «Тавҳид» дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода ва роҳбари ташкилоти мазкур Баҳриддин Ҳакимов оғоз гардид.
Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа дар ин муассиса инчунин бинои нави ошхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода мешаванд. Ҳамзамон бунёди коллеҷи касбӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 25 мактаб сохтмони 263 синфхонаи иловагӣ барои 6216 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






