Дар ноҳияи Балҷувон хизматрасонии Кумаки аввалини тиббию санитарӣ беҳтар мешавад

Май 28, 2022 09:59

БАЛҶУВОН, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон ва деҳоти дурдасти он иншооти тандурустӣ ба истифода дода шуданд, ки имрӯзҳо ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Тавре роҳбари Кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Балҷувон Илҳомҷон Пиров ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ дод, «дастрасӣ ба техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҳоло фаъолияти кормандони соҳаи тибро осон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро бамаротиб беҳтар намудааст. Ҳоло кулли сокинони ноҳия аз хизматрасонии тиббӣ бархурдор мебошанд. Сокинони деҳаҳои дурдаст барои ин ғамхорӣ ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табибон изҳори миннатдорӣ менамоянд, зеро имрӯз дар маҳалли зисташон ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифта шудаанд».

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳоло дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул ва амалӣ мегарданд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмону навсозӣ ва таъмири беш аз 10 иншооти дигари тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имсол як қисми онҳо ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 28, 2022 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд