Дар ноҳияи Сангвор ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Достӣ Умедов туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шуданд
САНГВОР, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ як нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Достӣ Умедов боқӣ мондааст, ки дар деҳаи Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар арафаи таҷлили солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати мамлакат, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Сангвор ба аёдати ин пири барнодил рафтанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии иштирокчии ҶДҶ аз наздик шинос шуда, салому паём ва туҳфаҳои Сарвари давлатро ба ин марди ватандӯст супорид.
Зикр гардид, ки ба қадри хизмату ҷонбозиҳои ин мардони шариф, ки баҳри ҳимояи Ватан дар он набарди таърихӣ бар зидди душмани қаттол сина сипар намудаанд, бояд расид, зеро шумораи онҳо сол ба сол кам мешавад.
Пири барнодил Достӣ Умедов аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат пайваста бархурдор буда, аз расидани кумаки навбатӣ бениҳоят хушҳол шуда, дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






