Дар ноҳияи Сангвор ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Достӣ Умедов туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шуданд

Май 7, 2022 11:28

САНГВОР, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор  ҳамагӣ як нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Достӣ Умедов боқӣ мондааст, ки дар деҳаи Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар арафаи таҷлили солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати мамлакат,  муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо намояндагони  ҳукумати ноҳияи Сангвор ба аёдати  ин пири барнодил рафтанд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии иштирокчии ҶДҶ аз наздик шинос шуда, салому паём ва туҳфаҳои Сарвари давлатро ба ин марди ватандӯст супорид.

Зикр гардид, ки ба қадри хизмату ҷонбозиҳои ин мардони шариф, ки баҳри ҳимояи Ватан дар он набарди таърихӣ бар зидди  душмани қаттол сина сипар намудаанд, бояд расид, зеро шумораи онҳо сол ба сол кам мешавад.

Пири барнодил Достӣ Умедов аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат пайваста бархурдор  буда, аз расидани кумаки навбатӣ бениҳоят хушҳол шуда, дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

Май 7, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд