Дар ноҳияи Сангвор Рӯзи байналмилалии оила ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир гардид

Май 14, 2022 09:27

САНГВОР, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор Рӯзи байналмилалии оила ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» таҷлил гардид, хабар доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сангвор Мижгона Нордонаева иброз намуд, ки «танҳо оила метавонад ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтори накӯ, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим диҳад. Бахши САҲШ-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ин рӯзи хурсандӣ ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 3 нафар кӯдакони навзод аз оилаҳои камбизоат мувофиқи муроҷиати волидайнашон шаҳодатномаи таваллуди ройгон тақдим намуда, ба оилаҳои намунавии ноҳия  туҳфаҳои хотиравӣ супорид».

Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гулдухтарони ноҳия фаъолона иштирок намуда, дӯхти либосҳои гуногуни  мардумии чаканро  намоиш доданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои сершумори  ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили  либосу лавозимоти  рӯзгор-курта, сӯзанӣ, болишт, зардеворӣ, тоқӣ,  гаҳворапӯш ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Зикр гардид, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар мамлакат ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Баргузории даври ноҳиявии Фестивали «Сад ранги чакан» низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

АКС: МИҲД н. Сангвор

Май 14, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд