Дар шаҳри Душанбе ба бунёди бинои нави Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон санги асос гузошта шуд

Май 13, 2022 19:16

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон  Мухтор Тлеуберди ва Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардидаанд ва соли оянда ҳар ду давлат 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2022 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд