Дар шаҳри Душанбе ба бунёди бинои нави Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон санги асос гузошта шуд

Май 13, 2022 19:16

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон  Мухтор Тлеуберди ва Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардидаанд ва соли оянда ҳар ду давлат 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2022 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе масъалаи рақобати геполитикӣ ва чолишҳои сиёсӣ баррасӣ гардид
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Русия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Пекин Форуми агентиҳои иттилоотии «Чин-Осиёи Марказӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шуруъ намуд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Дар Ню Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об оид ба натиҷаҳои Конфронси оби СММ баргузор гардид
Дар Берлин байни Тоҷикистон ва Олмон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт
ДИПЛОМАТИЯИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Институти афкори стратегии Туркия бахшида ба ин мавзуъ ҳамоиш доир шуд
Сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид