Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии 38 километр роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳраки дурдасти Зарнисор оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии 38 километр роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳраки дурдасти Зарнисор ва корҳои партовтозакунии корхонаи муштараки куҳию саноатии Тоҷикистону Чин оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ иштирокдорон аз дастгириву ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва сармоягузорон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки бо ибтикори Сарвари давлат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ ва солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд.
Роҳбарияти корхонаи муштараки куҳию саноатии Тоҷикистону Чин изҳор дошт, ки бо такя ба сиёсати оқилонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои худӣ 38 километр роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Зарнисорро мумфарш хоҳанд кард.
АКС: МИҲД шаҳри Гулистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






