Дар Шаҳринав маъракаи ҷамъоварии пилла оғоз ёфт

Май 17, 2022 10:23

ШАҲРИНАВ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав мавсими ҷамъоварии ҳосили кирмак оғоз гардида, дар рӯзи аввали он дар макони қабули пилла раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода иштирок ва барои иҷрои нақшаи пешбинишуда заҳмати кирмакпарваронро бо туҳфаҳо кадрдонӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шаҳринав бо дасту дили гарм ва болидарӯҳӣ пилла ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Дар рӯзи якум 1 тонна пилла супорида шуд, ки нархи як килограмм пиллаи нав омодашуда 15 сомонӣ муайян шудааст.

Тибқи иттилои масъулини сохтори кишоварзии ноҳия, соли 2022 ба пиллапарварони ноҳия 287 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд. Дар асоси нақша, дар маҷмӯъ бояд 9 тоннаю 500 килограмм пилла ҷамъоварӣ карда шавад.

Коркарди пилла ва парвариши кирми он шуғли қадимии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, соҳаи даромаднок ва афзалиятнок мебошад. Истеҳсоли пилла ҳамчун ашёи хом ба  баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии кишвар мусоидат намуда, барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аҳамияти калон дорад.

Дар мамлакат доир ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ  «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад. Ҳадафи асосии барномаи мазкур- муҳайё сохтани шароит ва замина барои рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 17, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд