Дар Суғд барои қадршиносии иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Май 1, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 01.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштанд, кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад, иттилоъ дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ин бора  25 апрел қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид, ки тибқи он ба иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 6000 сомонӣ кумакпулии яквақта дастрас карда мешавад.

Ҳамзамон ба шахсоне, ки дар солҳои ҶДҶ дар хизмати ҳарбӣ буда,  камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶДҶ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонии солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба миқдори 3000 сомонӣ кумакпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, барои қадршиносии 18 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶДҶ 108 ҳазор сомонӣ ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳои зикршудаанд, 369 ҳазор сомонӣ, дар умум 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Ғалаба 8 май дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶДҶ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Май 1, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид