Дар Тоҷикистон баҳри нест кардани малах корҳои кимиёвӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон баҳри нест кардани ҳашароти зароравори мавсимӣ, аз ҷумла малах корҳои кимиёвӣ ҷараён доранд. Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри нест кардани ин ҳашароти зарарасон 34 трактори дорупошӣ, 645 адад дорупошакҳои дастӣ, 6 автомошинаи дорупошӣ ва 840 нафар қувваи корӣ сафарбар гардидаанд.
Тавре сардори шуъбаи истеҳсолии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» -и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар кишвар бори аввал ҳуҷуми малах соли 1936 ба қайд гирифта шуда буд. Аз соли 2008 инҷониб дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ҳуҷуми малах мушоҳида мешавад.
«Ҳуҷуми малах дар 34 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус дар вилояти Хатлон ҷиддан нигаронкунанда мебошад, аз ҷумла дар ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Қушониён ва Панҷ. Онҳо гулу гиёҳ ва барги сабзи дарахтонро дар майдонҳои калон хӯрда, пеш мераванд. Инчунин баъзе аз минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ имрӯз ба чарогоҳи малах табдил ёфтаанд. Дар ин ҷо аз ҳама бештар талу теппаҳои шаҳри Ҳисор таҳти ҳуҷуми малах қарор гирифтааст. Ҳуҷуми малах асосан дар чарогоҳҳо бештар ба мушоҳида мерасанд»,- гуфт ӯ.
Ин ҳашарот тӯли се моҳ зарари худро мерасонад. Сипас ба тухммонӣ шурӯъ мекунад. Асосан малахҳо тухмҳои худро дар ҷойҳои дастнорас мегузоранд, ки барои нест кардани онҳо мушкилот пеш меояд.
МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, афзун намудани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифатро вазифаҳои асосии худ медонад. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ- ин пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ гарму камбориш омад, аз ин рӯ авҷ гирифтани ҳар гуна касаливу афзоиши ҳашароти зараррасон дар назар аст. Масъулини соҳаро мебояд мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






