Дар Тоҷикистон тайи 15 соли татбиқи қонуни танзим беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст

Май 2, 2022 13:02

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози татбиқи яке аз қонунҳои миллии кишвар — Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи ҳисоботи мақомоти ваколатдор аз ҳисоби  ба низом омадани маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо, ихтисори якчанд маъракаҳои такрорӣ дар маҷмӯъ беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.  Дар ин бора  зимни ҷаласае, ки дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо иштироки намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот доир гардид, зикр шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки   дар ҷаласа раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ» баррасӣ гардид.

Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён иброз дошт, ки «беш аз понздаҳ соли амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷомеаи мо  таҳаввулоти бузурги фикрӣ ба бор оварда, сабаби решакан гардидани бисёр амалҳои хурофотӣ гардид. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои номатлуб миёни қишрҳои ноогоҳи ҷомеа барҷой мондаанд, ки боиси нигаронист».

Зикр шуд, ки хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз миёни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст аст.

Корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода оид ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ» ибрози назар намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии онҳоро тавзеҳ дода, тадбирҳои дар ин самт роҳандозишударо бо мисолҳои мушаххас ба иштирокдорон фаҳмонид.

Муҳимтарин  хусусияти қонунҳои соҳавии муосири Тоҷикистон дар он аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ гузошта мешавад. Аз ин нуқтаи назар миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ ягон ихтилофот мавҷуд нест ва ҳама фаъолият дар асоси он қонунгузорие ба роҳ монда мешавад, ки манфиати умумии давлатро дар мадди назар дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муносибатҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд.

Яке  аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 қабул гардида, ҳадафаш баланд бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ,  ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон аст.

Бо гузашти 15 сол аз қабул ва татбиқи ин қонуни миллӣ он то андозае  ба ҳадафҳои худ расид. Дар моддаи 7 банди 4-и қонуни зикршуда ба шаҳрвандон бобати дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, аммо мутаассифона, то ҳоло аз ҷониби як теъдод ҳамватанон ин амали носавоб ба мушоҳида мерасад.

Аз ин рӯ даъват ба амал оварда шуд, ки аҳли ҷомеа бояд иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти  татбиқи пурраи ин қонунҳо ҷонибдорӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагӣ, таъмини амният, субот  ва пешрафти кишварамон саҳми бориз гузоранд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати ҶТ 

Май 2, 2022 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст