Дар Тошканд доир ба нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ конфронси муштараки байналмилалӣ доир мегардад

Май 31, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар назар аст, ки 1 июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ» конфронси муштараки байналмилалӣ баргузор гардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Конфронс дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, мақсади он  таҳкими робитаҳои илмӣ, ташаккули дидгоҳи муштарак дар рушди устувори минтақа ва ба вуҷуд овардани фазои муколамаи давомдор дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар кори ҳамоиш олимону пажӯҳишгарон, коршиносони масъалаҳои илмию таҳлилӣ аз марказҳои зеҳнии ҷонибҳо иштирок менамоянд. Ҷониби Тоҷикистонро дар конфронси мазкур олимону таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намояндагӣ менамоянд.

Тавре маълум аст, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шароит фароҳам овардааст, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ рушд намуда, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона иқдомҳои муҳиму созандаро пайваста роҳандозӣ намоянд.

Баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими илмии муштарак дар арафаи сафарҳои расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба ҳукми анъана даромадаанд, далели возеҳи андешаҳои мазкуранд.

АКС аз бойгонӣ

Май 31, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд