Дар Тошканд Форуми дипломатияи мардумии Созмони ҳамкории Шанхай доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи фаъолияти раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 11-12 майи соли равон таҳти шиори «Дипломатияи мардумӣ – ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири рушд» Форум баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Маркази дипломатияи ҷамъиятии Узбекистон хабар доданд.
Интизор меравад, ки бо сухани табрикӣ раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони мардумии умумичинӣ, раиси Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории ШҲТ Шен Юэюэ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов ба иштирокдорони форум муроҷиат намоянд.
Дар ду ҷаласаи пленарӣ ширкаткунандагон роҳҳои истифодаи муассир аз абзорҳои дипломатияи мардумиро дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои узви «оилаи СҲШ» баррасӣ мекунанд.
Пас аз ҷамъбасти Форуми дипломатияи мардумии Созмони ҳамкории Шанхай баённомаи Тошканд оид ба дипломатияи мардумии СҲШ қабул карда мешавад.
Дар назар аст, ки беш аз 120 нафар парлумонҳои кишварҳои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва инчунин марказҳои илмию таҳлилиро намояндагӣ кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






