ДОНИШ-ЧАРОҒИ РАВШАН. Имкони таҳсил дар хориҷи кишвар барои хатмкунандагони вилояти Хатлон бештар гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рафта, бо хатмкунандагон оид имконияти нави таҳсил дар макотиби олии хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чунин вохӯриҳо дар муассисаи таълимии рақами 4, гимназияи давлатӣ ва якчанд муассисаҳои дигари ноҳияи Данғара ва муассисаҳои шаҳри Бохтар баргузор карда шуданд.
Дар ин раванд дар хусуси имконоти мавҷуда барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии Перми Федератсияи Русия иттилоъ дода шуд.
Маълумоти пешниҳодгардидаро хатмкунандагон ба хубӣ пазируфта, хушнудӣ аз он доштанд, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ бурсияҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии хориҷи кишвар нисбатан зиёд мебошанд. Хусусан имсол барои хонандагон аз вилояти Хатлон имконияту шароити бештар фароҳам гардидааст. Зеро тибқи таҳлилҳо нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар солҳои пешин дохилшавии хонандагони ин вилоят ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат камтар буд.
Аз ин лиҳоз, имсол корҳои тарғиботӣ — фаҳмондадиҳӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи гурӯҳҳои кории Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ зиёдтар ба нақша гирифта шудааст.
Бурдани чунин корҳои иттилоотӣ дар дигар шаҳру навоҳӣ идома дорад.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






