Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳ ба 173,6 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2022 ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта 26 май зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов иброз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Дар доираи мулоқот тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2022 ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба бо истифода аз имконоти зиёди мавҷуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






