Хатмкунандагони «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар» аз Маҷлиси намояндагон дидан намуданд

Май 30, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 40 нафар ҷавондухтарон, ки «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар»-ро хатм намуданд, аз китобхона, осорхона  ва толорҳои таърихии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот бо ҷавондухтарон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Сумангул Тағойзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Парвина Маликзод иброз намуданд, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкории ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори ҷавондухтарони болаёқат посух гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи моҳвораи ҷавонон дар Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи  ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги  миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо баргузории «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар» ба нақша гирифта шудааст.

Шунавандагон тариқи озмун интихоб гардида, танҳо 40 нафар ҷавондухтарон ва бонувони фаъол имконияти иштирок карданро пайдо карда метавонанд. Дар раванди баргузории чорабинии мазкур ҷавондухтарон имкон пайдо мекунанд, ки бо фаъолияту таҷриба ва усулҳои кории занони роҳбар дар ҷойи корашон аз наздик шинос шуда, атрофи мавзӯъҳои муайяншуда дар соҳа ва самти фаъолияташон сабақ омӯзанд.

Акс: МН МО ҶТ

Май 30, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд