Хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» тавассути қатора ифтитоҳ ёфт

Май 10, 2022 13:39

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати сайёҳии «Шумон тур» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотию хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода дар масири «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» тавассути қатора хатсайри нави сайёҳӣ ифтитоҳ намуд, хабар доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар».

Бори нахуст тавассути ин хатсайри сайёҳӣ бо қатора муҳассилини мактабҳои шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, бо ёдгориҳои таърихӣ ва имконоти сайёҳии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода шинос гардиданд.

Тавре мудири ширкати «Шумон тур» Бахтовар Аминзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар замири хонандагон буда, ҳамчунин татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ мебошад.


Хатсайри сайёҳии «Душанбе-Ҳисор-Турсунзода» хусусияти табиию экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дошта, сайёҳон тавассути ин масир нахуст ба шаҳри Ҳисор рафта, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табии шаҳр, аз ҷумла, мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», Маҷмаии фароғатию фарҳангии «Шаршара»-ро тамошо намуданд.

Сипас дар ҷараёни сайёҳат бо имконияти сайёҳии шаҳри Турсунзода шинос гардиданд. Аз ҷумла, боғи фарҳангиву фароғатӣ ва Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода рӯҳияи сайёҳонро болида сохт.


Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба сайёҳон доир ба таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик маълумоти ҷолиб ва мушаххасу муфассал пешниҳод сохтанд. Ташкили чунин хатсайрҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар мусоидат менамояд.

Ширкати сайёҳии «Шумон тур» тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар масири «Душанбе- Ёвон-Бохтар-Кӯлоб» хатсайри сайёҳӣ тавассути қатора ба роҳ монад.

АКС: Ширкати «Шумон тур»

Май 10, 2022 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ