Идомаи сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 17:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар доиари сафари расмӣ дар Тоҷикистон Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҷо меҳмон дар назди муҷассамаи хизматчиёни ҳарбии қазоқистонӣ гулҳои тару тоза гузоштанд. Ёдгории мазкур 15 декабри соли 2007 бо мақсади гиромидошти хотираи хизматчиёни ҳарбӣ — сарҳадбонони қазоқистонӣ, ки дар давраи ҷанги таҳмилӣ ҳангоми ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷон бохтаанд, ифтитоҳ карда шудааст.

Дар идома Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, аз толорҳои барҳавову зебо ва санъати асили миллӣ дидан карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуда, аз 5 ошёна иборат аст ва масоҳати 40 ҳазор метри мураббаи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чубкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 15 айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.

Кохи Наврӯз дорои толорҳои боҳашамати «Дидор», «Аржанг», «Гулистон» ва «Зарандуд» мебошад.

Масоҳати толори «Дидор» 1100 метри муррабаъ буда, ороиши он бо усули гаҷкорӣ ва наққошӣ анҷом дода шудааст. Даромадгоҳи толори мазкур бо нақшу нигори «кундал» оро ёфтааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ дарҷ гардидааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудаанд.

Баъди тамошои маҷмаа Маулен Ашимбаев ба ҳунари волои меъморону устоҳои тоҷик баҳои баланд дод.

Имрӯз ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо карда, дар толорҳои нигоравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои фарҳангии кишвар меҳмони олиқадрро шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд