Идомаи сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 17:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар доиари сафари расмӣ дар Тоҷикистон Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҷо меҳмон дар назди муҷассамаи хизматчиёни ҳарбии қазоқистонӣ гулҳои тару тоза гузоштанд. Ёдгории мазкур 15 декабри соли 2007 бо мақсади гиромидошти хотираи хизматчиёни ҳарбӣ — сарҳадбонони қазоқистонӣ, ки дар давраи ҷанги таҳмилӣ ҳангоми ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷон бохтаанд, ифтитоҳ карда шудааст.

Дар идома Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, аз толорҳои барҳавову зебо ва санъати асили миллӣ дидан карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуда, аз 5 ошёна иборат аст ва масоҳати 40 ҳазор метри мураббаи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чубкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 15 айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.

Кохи Наврӯз дорои толорҳои боҳашамати «Дидор», «Аржанг», «Гулистон» ва «Зарандуд» мебошад.

Масоҳати толори «Дидор» 1100 метри муррабаъ буда, ороиши он бо усули гаҷкорӣ ва наққошӣ анҷом дода шудааст. Даромадгоҳи толори мазкур бо нақшу нигори «кундал» оро ёфтааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ дарҷ гардидааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудаанд.

Баъди тамошои маҷмаа Маулен Ашимбаев ба ҳунари волои меъморону устоҳои тоҷик баҳои баланд дод.

Имрӯз ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо карда, дар толорҳои нигоравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои фарҳангии кишвар меҳмони олиқадрро шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд