IRS: Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин аст

Май 23, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар додем, дирӯз бинобар якбора зиёд омадани сел ва давомдор будани сангфароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Баъд аз бартараф намудани пайомади сел, сангфароӣ ва бориши барф дар ин мавсим ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ иҷозат дода шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баъдан худи ҳамон рӯз дар километри 153 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ лағжиши кӯҳпора боиси муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати тамоми намуди нақлиёт гардид.

Дар айни замон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар  роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин буда, кормандон ва техникаҳои пуриқтидор барои бартараф намудани офати табиии боқимонда сафарбар шудаанд, иттилоъ медиҳад ширкати IRS.

 АКС аз ширкати IRS

Май 23, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд