IRS: Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз бинобар якбора зиёд омадани сел ва давомдор будани сангфароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Баъд аз бартараф намудани пайомади сел, сангфароӣ ва бориши барф дар ин мавсим ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ иҷозат дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баъдан худи ҳамон рӯз дар километри 153 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ лағжиши кӯҳпора боиси муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати тамоми намуди нақлиёт гардид.
Дар айни замон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин буда, кормандон ва техникаҳои пуриқтидор барои бартараф намудани офати табиии боқимонда сафарбар шудаанд, иттилоъ медиҳад ширкати IRS.
АКС аз ширкати IRS











Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






