Китоби «Тоҷикон» бозгӯи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз дастовардҳои пурарзиши Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар шаҳри Москва ба табъ расида, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр гардид ва аз тарафи мутахассисони маъруф эътироф шуд. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд». Чунин зикр намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳамоише, ки доир ба омӯзиши шоҳасар и «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров доир ба аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон» сухан намуд.
Зикр гардид, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.
Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик ошно кард.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдорӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, дар баробари эҳёи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин ба шахсиятҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Пешвои муаззами миллат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат», «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд, ки исботи ин гуфтаҳост.
Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» беш аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст, ки чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи худ дар соҳаи илм академик Бобоҷон Ғафуров исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад.
Дар ҳамоиш оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки муаррифгари таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик аст, инчунин доир ба омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми ба Парлумони кишвар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба ҳар як оилаи кишвар дастрас гардид, ки он дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.
Ҳамоиш дар такя ба иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба таърихи халқу миллат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамзамон иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон оид ба омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик — шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» роҳандозӣ гардид.
АКС: Бонки милли Тоҷикистон










Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст






