Китоби «Тоҷикон» бозгӯи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аст

Май 22, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз дастовардҳои пурарзиши Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар шаҳри  Москва ба табъ расида, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр гардид ва аз тарафи мутахассисони маъруф эътироф шуд. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд». Чунин зикр  намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳамоише, ки доир ба омӯзиши шоҳасар и «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров доир ба аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон» сухан намуд.

Зикр гардид, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик ошно кард.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдорӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, дар баробари эҳёи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин ба шахсиятҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Пешвои муаззами миллат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат», «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд, ки исботи ин гуфтаҳост.

Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» беш аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст, ки чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи худ дар соҳаи илм академик Бобоҷон Ғафуров исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад.

Дар ҳамоиш оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки муаррифгари таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик аст, инчунин доир ба омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми ба  Парлумони  кишвар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба ҳар як оилаи кишвар дастрас гардид, ки он дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Ҳамоиш дар такя ба иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба таърихи халқу миллат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамзамон иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода  Раҳмон оид ба омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик — шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» роҳандозӣ гардид.

АКС: Бонки милли Тоҷикистон 

Май 22, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт