Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар таҳкими нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад

Май 11, 2022 08:19

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе нимаи аввали моҳи июн мизбони чорабинии сатҳи баланд —  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» мегардад. Интизор меравад, ки дар  чорабинии сатҳи баланд намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф ширкат намоянд. Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ баргузор гардида, дар Тоҷикистон  Кумитаи тадорукоти Конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров гуфт, «Конфронси дуюми сатҳи баланд, идомаи конфронси аввал аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Яъне. конфронсҳои мазкур дар ҳошияи ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сурат мегирад, ки дар рӯзномаи ҷаҳонии об ҳамчун «Раванди оби Душанбе» маъмул аст».

Алиназар Ашӯров афзуд, ки дар шароити имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ба ташвиш овардааст, татбиқ гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон ва дар ҳошияи он баргузории конфронсҳои сатҳи баланд хеле муҳим аст. Мавсуф афзуд, ки об ва манбаъҳои обӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ доранд. Дар радифи башарият дигар мавҷудоти табиат низ ҳамеша ба об ниёз доранд. Ҳастӣ ва рушди дилхоҳ мавҷудоти табиат аз об ва манбаъҳои обӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин ҷост, ки обро «манбаи ҳаёт» меноманд ва дастрасӣ ба оби тозаро СММ яке аз Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ кардааст.

Мувофиқи маълумоти СММ, соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошт. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об буда, ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷоҳон эътироф шудаанд. Тоҷикистон дар зарфи ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» татбиқ гардида истодааст, ки далели ин гуфтаҳост. Дар Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ- дастрасии саросарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шудааст, ки барои бартараф сохтани  ин мушкилот ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳои нави ҳалли соҳа ворид мегарданд.

Дар баробари мавҷуд будани мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза дар байни сокинони ҷаҳон ҳамзамон хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Тайи ду даҳсола инҷониб дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону коршиносон аз хатарҳои тағйирёбии иқлим сухан намуда, оқибатҳои ин равандро барои инсоният манфӣ баҳо гузоштанд. Воқеият ва оқибатҳои манфии онро аз баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва ба амал овардани ҳодисаҳои табиӣ дар об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии зуҳури обҳои тоза мебошанд, мушоҳида намудан мумкин аст. Дигар ин ки тадриҷан кам гардидани сатҳи об дар баҳри Арал дар минтақа аз нишонаҳои ҷиддии тағйиробии босуръати иқлим аст. Оби баҳри Арал дар натиҷаи таъсири омилҳои тағйирбии иқлим то кунун 50 фоиз кам гардидааст, ки ба ҳаёти сокинони ҳавза таъсири манфӣ мегузорад.

Ба андешаи коршинос,  Тоҷикистон новобаста аз он ки яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обист, дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати кишвар масъалаҳои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонии марбут ба об пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Ин нуктаро дар аксари суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон мушоҳида намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 23 апрели соли 2022 баргузор гардид, иброз намуданд, ки «… равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».

Дар амалияи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистон бо ироаи ташаббусҳои муҳим нақши худро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об гузошта истодааст. Дар баробари чор ташаббуси ҷаҳонӣ ҳамзамон ташаббусҳои нави Тоҷикистон  дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аллакай барои баррасӣ пешниҳод гардидаанд. Вобаста ба ин дар  Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат зикр гардидааст, ки «…кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй намуда истодааст».

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ин конфронси сатҳи баланд барои пешгирии гармшавии иқлим ва мушкилоти вобаста ба обу экология тадбирҳои муҳим ва қарорҳои самарнок қабул гарданд. Ин конфронс марҳилаи нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти ҳалли тағйирёбии иқлим хоҳад буд.

Конфронси дуюми сатҳи баланд дар баробари аҳамияти  башардӯстона ва байналмилалӣ доштан ҳамзамон аҳмияти муҳими минтақавӣ ва миллиро доро аст. Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим канор нест. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки беш аз 60 фоизи захираҳои обии минтақа аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим солҳои охир сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Табиист, ки ин ҳолат таъсири манфии худро ба минтақа мегузорад. Аз рӯ, Конфронс заминаи мусоидро барои ҳифзи пиряхҳои кишвар фароҳам меорад. Инчунин Конфронси Душанбе барои таҳкими  нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Ва ин чорабинии сатҳи баланд имиҷи мусбати давлати моро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ тақвият мебахшад. Дар маҷмӯъ Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, марҳилаи нави ҳамкории байналмилалиро оид ба андешидани тадбирҳои муайяни минбаъда вобаста ба мушкилоти обу экология мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2022 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд