Корея дар Тоҷикистон донишгоҳи муштараки омодасозии мутахассисони техникӣ ва лифтсозӣ таъсис медиҳад

Май 26, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкории судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ донишгоҳи муштарак таъсис диҳад. Ин матлаб зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки ҳамасола баргузор мегарданд, ба роҳ мондааст.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея як намунаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.

Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.

Ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ба омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар хатми суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои судманду дахлдор андешида мешаванд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд